Ба гузориши агентсии хабаргузории «Абна», робитаи умумии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар эъломияе аз ҳамлаҳои бепилоти артиш ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақа хабар дод.
Матни ин эъломия ба таври зерин аст:
«Дар посух ба такрори ҳамлаҳои ғайриқонунии Амрико бар зидди кишвари мо, чанд соат пеш ва дар марҳилаи нави ҳамлаҳои бепилоти Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷойгиршавии нерӯҳои амрикоӣ, системаҳои зиддиҳавоӣ ва ракетӣ, паноҳгоҳҳо ва анборҳои дастгирии артиши террористии Амрико дар Кувайт ҳадафи ҳамлаи бепилотҳои нобудсозии артиш қарор гирифт.
Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамзамон бо маҳкум кардани такрори ҳамлаҳои душмани амрикоӣ ба баъзе марказҳои низомӣ, зерсохторҳои ғайринизомӣ ва мардум ва вайронкунии ашаддии усулҳои асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, таъкид кард: бо азм ва иродаи қатъии нерӯҳои мусаллаҳ ва бо тамоми қувват, дар ҳимояи ҳокимият, тамомияти арзӣ ва истиқлоли Эрон ва ҳамватанони азиз дар баробари ҳар гуна таҷовузи душман лаҳзае дариғ нахоҳем кард.»
Your Comment